IQNA

Муқобилаи Арабистон ва Ироқ бо ширкатҳои ҷаълии фаъол дар умури Ҳаҷ

22:27 - April 28, 2024
рақами хабар: 1424
ИКНА - Арабистони Саудӣ ва Ироқ бо ҳушдор дар бораи фаъолиятҳои ширкатҳои ҷаълии фаъол дар заминаи ҳаҷ, аз поён додан ба фаъолияти 25 ширкати ҷаълӣ ва ғайри қонӯнӣ хабар доданд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Арабистони Саудӣ ва Ироқ бо ҳамкории якдигар аз поён додан ба фаъолияти беш аз 25 ширкати ҷаълӣ ва сӯрӣ хабар доданд, ки дар заминаи таблиғи тиҷории ҳаҷ бо қиматҳои фарибанда фаъолият мекарданд.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саъудӣ эълом кард беш аз 25 ширкати ҷаълии фаъол дар заминаи бозорёбӣ ва тиҷорат бо ҳаҷро тавқиф кардааст.

Ин вазоратхона таъкид кард ҳеҷ саҳмияи ҳаҷҷе ҷуз бо судӯри раводид тавассути мақомоти марбӯта дар ин кишвар вуҷӯд нахоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистон, ин вазоратхона бо интишори баёнияе эълом кард, бо ҳамкории мақомоти ироқӣ, беш аз 25 ширкати ҷаълии фаъол дар заминаи хариду фуруши фиши ҳаҷро тавқиф кардааст.

Вазорати ҳаҷҷу умраи Арабистон бо ҳушдор дар хусӯси ширкатҳои ҳаҷҷи ҷаълӣ ва сӯрӣ, таъкид кард: тамоми саҳмияҳои ҳаҷ бо ҳамоҳангии мақомоти марбӯта дар Арабистон ва бо ҳамоҳангии кишварҳо аз тариқи дафотири умӯри ҳаҷ ё аз тариқи сайти «маносики ҳаҷ» барои кишварҳое ки дафотири расмии хусӯсӣ надоранд; анҷом мешава.

Вазорати ҳаҷу умраи Арабистони афзуд: таблиғоти ширкатҳо ва ҳисобҳои ҷаълӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро, ки иддао мекунанд ҳаҷро бо қиматҳои муносиб созмондеҳӣ мекунанд, бо диққат расад мекунаду хостори ҳӯшёрии шаҳрвандон дар бархӯрд бо чунин ширкатҳое шудааст.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Саудӣ дар идома аз мақомоти ироқӣ барои дастгирии кулоҳбардорон ташаккур карду афзуд: раводидҳои умра, гардишгарӣ, кор, мулоқоти хонаводагӣ, транзит ва соири раводидҳо, воҷиди шароити анҷоми ҳаҷҷи воҷиб нестанд

https://iqna.ir/fa/news/4212601

.

captcha