IQNA

Муноҷоти ҳоҷиён дар рӯзи Арафа + филм ва акс

20:32 - June 28, 2023
рақами хабар: 160
Ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром бо ҳузур дар саҳрои Арафот ва анҷоми маносики рӯзи Арафа, рукни аъзами ҳаҷро адо мекунан.

Теҳрон (ИКНА) ба нақл аз Ал-Ахбория, бо тулӯъи офтоб дар рӯзи нӯҳуми зилҳиҷҷа ва оғози рӯзи Арафа ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром, ки дар саҳрои Арафот гирд омадаанд, бузургтарин рукни ҳаҷро адо мекунанд. Дар ин саҳрои азим ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром аз ҳар ранг ва нажод, ба муноҷоти Худованд забон мекушоянд ва дар инҷо тафовуте миёни мусулмонон аз миллитҳо ва ақвоми мухталиф нест балки бартарин дар назди Худованд бо тақвотарини онҳо аст.

Дар рӯзи Арафа, зоирони Байтуллоҳилҳаром ба хутбаҳои Арафа аз масҷиди Нимра гӯш фаро медиҳанд. Ин хутба имсол ба 20 забони умда аз ҷумла англисӣ, Фаронсавӣ, форсӣ, урду, туркӣ, чинӣ ва русӣ тарҷума мешавад то паёми арзишҳои исломӣ ба иттилои умуми мусулмонон дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бирасад.

Дар видеои зер тасовири ҳавоӣ аз Ҷабалур Раҳма ва сарзамини Арафотро ҳамзамон бо тулӯъи имрӯз мушоҳида мекунед, ки пур аз ҳоҷиёни ошиқ шудааст.

код
код
 

https://iqna.ir/fa/news/4150698

captcha