IQNA

Сураҳои Қуръон / 22

Парҳез додани сураи "Ҳаҷ" аз ҷидоли беҳуда дар мавриди Худованд

9:49 - June 29, 2023
рақами хабар: 166
Худованд дар Қуръони Карим борҳо муддаиёнро ба чолиш кашидааст; Муддаиёне, ки ё кофир буда ва Худоро қабул надоштанд ва ё бут параст буда ва бутҳоро худоёни замин ва осмон медонистанд; Худованд онҳоро ба рақобат даъват мекунад ва мехоҳад заррае биёфаринанд ва ё ояте монанди Қуръонро биёваранд, аммо касе натавониста даъват ба рақобатро бипазирад.

Сураи Ҳаҷ, бисту дувумин сура ва аз сураҳои мадании Қуръон аст, ки бо 78 оят дар ҷузъи 17 қарор дорад ва дар тартиби нузул саду севумин сурае аст, ки бар Расули Худо(с) нозил шудааст.

Калимаи “Ҳаҷ” дар луғат ба маънои қасди анҷоми коре аст, аммо дар шариати исломӣ ба маросими хоссе гуфта мешавад, ки ҳарсола дар Макка баргузор мешавад. Аз онҷо, ки ҳудуди сездаҳ оят аз ин сура (аз ояти 25 то 37) дар бораи Каъба ва таърихи он ва осори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳаҷ сухан гуфта, ин сура “Ҳаҷ” номида шудааст.

Сураи Ҳаҷ бо зикри азамати қиёмат хитоб ба ҳамаи мардум ва тарсими саҳнаи ҳавлангез аз он оғоз мешавад, ҳамонтавр, ки мефармояд: يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمْ إِنَّ زَلْزَلَةَ السَّاعَةِ شَيْءٌ عَظِيمٌ “Эй мардум аз Парвардигори худ парво кунед чаро, ки зилзилаи растохез амри ҳавлнок аст” (Ҳаҷ / 1).

Мӯҳтавои куллии ин сура ба баёни авсоф ва сарнавишти мӯъминон ва гурӯҳҳое аз кофирон мепардозад: гурӯҳи аввали кофирон касонеанд, ки бидуни ҳеҷ донише дар бораи сифот ва корҳои Худо, баҳс ва ҷадал ва аз ҳар шайтони саркаше пайравӣ мекунанд ва оқибат, ҳамон шайтон ононро ба азоби оташ мекашонад.

Гурӯҳи дувум низ, бидуни огоҳӣ ва раҳнамуд ва китоби равшангаре, ба манзури гумроҳ кардани дигарон аз масири ҳақ, ба ҷидол дар бораи Худо бармехезанд. Инон, ки руасои мушрикон ҳастанд, дар ниҳоят бо зиллат ва хорӣ ба азоби охират гирифтор хоҳанд шуд. Гурӯҳи севум низ Худоро ба забон ва дар зоҳир мепарастанд, чунонки бо расидани хабари хуш оромиш меёбанд ва бо мусибат ва ранҷе, аз Худо дӯр мешаванд. Ин идда низ дар дунё ва охират зиёнкор ҳастанд. Дар муқобили ин се гурӯҳ, мӯъминон қарор доранд, ки Худованд саранҷоми ононро ба ҷойгоҳи некӯ ворид мекунад.

Ҳамчунин дар ин сура ба тавсифи тавҳид ва лузуми парастиши Худои якто, ҳушдор нисбат ба ширкгароӣ ва паёмадҳои манфии он ва қатъӣ будани рӯзи қиёмат ва зилзилаи саҳмгини он пардохта шудааст ва ба бархе аз фурӯъи дин монанди абъоди маънавӣ ва фиқҳии Ҳаҷ, ҷиҳод бо худкомагон, намоз ва пайванди он бо Худо, закот ва ҳуқуқи молии дигар ва амри ба маъруф ва наҳйи аз мункар пардохта шудааст.

Табйини бархе аз арзишҳои ахлоқӣ монанди таваккул ва эътимод ба Худованд, ҳушдор нисбат ба анҷоми гуноҳ ва нофармонии Худо ва пайвастагии тақво, амали солеҳ ва нусрати илоҳӣ низ аз дигар мабоҳиси ин сура аст.

Калидвожаҳо: 114, Қуръони Карим, сураи Ҳаҷ, маросими Ҳаҷ, яктопарастӣ, нофармонии Худованд.

captcha