IQNA

Сураҳои Қуръон/ 63

Вижагиҳо ва рафторҳои мунофиқон дар Қуръон

11:16 - August 30, 2023
рақами хабар: 388
Ҳаргоҳ ҳақиқатталабон ва инсонҳои ростин масири дурусту воқеиро ба гуруҳҳои мухталифи мардумӣ нишон медиҳанд иддае, ки мухолифи ин ҷараён ҳастанд манофеашон ба хатар меафтад; дар чунин шароите...

Ҳаргоҳ ҳақиқатталабон ва инсонҳои ростин масири дурусту воқеиро ба гуруҳҳои мухталифи мардумӣ нишон медиҳанд иддае, ки мухолифи ин ҷараён ҳастанд манофеашон ба хатар меафтад; дар чунин шароите аст, ки ба зоҳир ин таҳаввулоту тағиротро мепазиранд, аммо дар дилашон ба дунболи эҷоди инҳироф дар ин ҷараён ҳастанд. Рафторе, ки Қуръони Карим онро бо унвони “мунофиқ” муаррифӣ мекунад.

63-умин сураи Қуръони Карим “Мунофиқун” ном дорад. Ин сура бо 11 оят дар ҷузъи 28-уми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Ин сура, ки маданӣ мебошад дар тартиби нузул 105-умин сураест, ки бар Паёмбар (с) нозил шудааст.

“Мунофиқун” ҷамъи калимаи “мунофиқ” аст ва мунофиқ касе аст, ки дар даруни худ кофир аст, аммо дар зоҳир иддаои мусалмонӣ мекунад.

Ин сура аз мунофиқон ва вижагиҳову рафтори онон сухан мегӯяд ва душмании шадиди ононро нисбат ба мусалмонон нишон медиҳад. Ин сура ба Паёмбар (с) дастур медиҳад то дар мавриди хатари мунофиқон эҳтиёт кунад ва мӯъминонро ба бахшиш дар роҳи Худо ва дурӣ аз ду рӯӣ тавсия мекунад.

Ин сура бо нишон додани чеҳраи воқеии онон, нақшаҳои мунофиқон алайҳи мусалмононро нишон медиҳад ва аз маҳрум шудани онҳо аз бахшишу раҳмати Худованд сухан мегӯяд. Авомили фаромӯшӣ аз ёди Худоро, ки ҳамон зиндагии дунявӣ, молу мақом ва фарзандон аст ёдоварӣ мекунад.

Масаълаи мунофиқон ва шинохти онон аз ибтидои густариши Ислом бисёр аҳамият доштааст зеро суханону рафтори онон боиси ба вуҷуд омадани ихтилоф миёни гуруҳҳои мухталифи мусалмонон мешуд. Ин сура бо таъкид бар вижагиҳои мунофиқон ба зарурати шинохти мунофиқон ва дурии мусалмонон аз онҳо мепардозад.

Аз вижагиҳои мунофиқон, ки дар ин сура омада метавон ба ин масоил ишора кард:

Нахустин нишонаи нифоқ ва мунофиқ, дугонагии зоҳир ва ботин аст; бо забон изҳори имон мекунанд, аммо дар дилашон имон надоранд. Нишонаи дигари онон ин аст, ки барои суханони худ ба савганд хӯрдан паноҳ мебаранд ва аз савганд барои расидан ба аҳдофи худ истифода мекунанд, аммо дар воқеъ ин равиш василае барои эҷоди монеъ дар баробари расидани мардум ба ҳақиқат аст.

Зоҳири онон низ ороста ва ҷолиб аст ва баёни ширину ҷаззоб доранд. Бо ин ҳол аҷсоме бе‏рӯҳ ва суратҳое бемаънӣ ва баданҳое тухолӣ доранд, аз худ истиқлолу иродае барои тасмимгирӣ ҳам надоранд; монанди чӯбҳои хушке, ки ба девор такя додаанд. Тарсу ваҳшати аҷиб ҳамеша бар қалбу ҷони онҳо вуҷуд дорад ва ҳамеша дар мавриди ҳамаи масоил тардиду бадбинӣ доранд.

captcha