IQNA

Сураҳои Қуръон/66

Беҳтарин ва комилтарин роҳи бозгашт ба сӯи Худо

8:08 - September 04, 2023
рақами хабар: 409
Гуноҳони зиёде инсонро фарогирифтааст. Гуноҳоне, ки боиси дурии инсон аз Худованд ва ахлоқу маънавият шудааст. Ба воситаи ҳамин масаъла инсон дучори пучӣ ва гум кардани ҳадафи худ мешавад ва танҳо роҳи расидан ба наҷоту раҳоиро бозгашт ба сӯи Худо меёбанд.

66-умин сураи Қуръони Карим “Таҳрим” ном дорад. Ин сура бо 12 оят дар ҷузъи 28-ум қарор гирифтааст. Ин сура, ки маданӣ мебошад дар тартиби нузул 108-умин сураест, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Номи сура аз нахустин ояти он гирифта шудааст, ки ба савганди Паёмбар (с) барои таҳрими ҳалоле барои худ ба хотири ризояти ҳамсаронаш ишора дорад.

Сураи Таҳрим бо сарзаниши Паёмбари Ислом (с) оғоз мешавад, ки чаро барои ризояти ҳамсаронаш ончи Худованд бар Ӯ ҳалол кардаро ҳаром мекунад.

Сипас Худованд мӯъминонро мавриди хитоб қарор медиҳад, ки ҷони худу хонаводаи худро аз азоби оташ муҳофизат кунанд ва бидонанд, ки бо тавваҷӯҳ ба корҳое, ки дар дунё анҷом додаанд подош дарёфт мекунанд. Аз сӯи дигар гуноҳкоронро ба тавба кардану бозгашт ба самти Худо ташвиқ мекунад.

Дар ин сура беҳтарини тавба, “Тавбаи насуҳ” унвон шудааст; тавбаи комил ва бидуни бозгашт ба самти гуноҳ. Истилоҳи “Тавбаи насӯҳ” фақат дар ин сура аз Қуръони Карим омадааст; истилоҳест, ки дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи вижае дорад.

“Насуҳ” ба маънои талош барои ёфтани беҳтарин кор аст, ки таъмин кунандаи масолеҳ одамӣ аст ва ё ба маънои ихлос аст ва бар ин асос Тавбаи насуҳ тавбаест, ки соҳибашро аз баргаштан ба тарафи гуноҳ боз дорад ва ё тавбае, ки бандаро аз гуноҳ пок кунад ва дар натиҷа, дигар ба он амале, ки аз он тавба карда бар нагардад.

Дар ин оятҳо ҳамсари Нӯҳ ҳамсари Лут (а)-ро намӯнае аз ду зани нопок бо ҳамсароне поку баргузида ва ҳамсари Фиръавнро намӯнаи зани мӯъмин бо ҳамсари кофир матраҳ карда ва дар ниҳоят аз бонуи мӯъмини бидуни ҳамсар ҳазрати Марям (саломи Худо бар у бод)  мисол овардааст. Ба назар мерасад ин мисолҳо барои ин масаъла унвон шудааст, ки мӯъминон аз корҳои нодурусте, ки мумкин аст аз ҳамсарони Паёмбарон сар бизанад, тааҷҷуб накунанд. Ҳамчунин метавон ба ин натиҷа даст ёфт, ки равобити хонаводагӣ наметавонад боиси тазмини хушбахтӣ ва растагории афрод шавад; ё боиси озод будани афрод барои расидан ба хостаҳои дунёияшон; ҳамонтавр, ки ҳамсари паёмбар будан натавонист ҳамсарони ҳазрати Нӯҳ ва ҳазрати Лутро наҷот диҳад ва дар муқобили ҳамсари Фиръавн ба воситаи шахсияту зоти поке дошт ба растагорӣ ва саодат расид ва ҳазрати Марям (с) бидуни доштани ҳамсар ба воситаи имон ва покии зотиаш ба ҷойгоҳи волое даст ёфту мисоле барои аҳли имон шуд.

Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, Сураи Таҳрим, ҳамсари паёмбарон

captcha