IQNA

Муаррифии тафсир ва муфассирон

Тафсири Сурободӣ; тафсири куҳан аз Қуръон ба забони порсӣ

11:28 - September 09, 2023
рақами хабар: 433
Тафсири Сурободӣ, тафсири куҳан аз Қуръони Карим аст, ки тавассути олими аҳли суннат, Абубакр Атиқи Найшобурӣ, маъруф ба Сурободӣ ё Сурёнӣ, дар қарни панҷум ба забони форсӣ навишта шудааст ва аз он бо унвони “Тафсир-ут-тафосир” низ ёд мешавад.

Дар бораи шахси Сурободӣ иттилооти мувассақ ва қобили таваҷҷӯҳе дар даст нест, аммо бархе аз ӯ ба унвони шахсияте обид, муҷтаҳид ва фозил ёд кардаанд.

Дар як нигоҳ, тафсири Сурободӣ яке аз комилтарин ва қадимитарин тафсирҳои Қуръон аст. Чуноне, ки ишора шуд ин тафсир мутааллиқ ба садаи 5 ҳиҷрӣ ва дорои насри сода ва равон аст. Вуҷуди нусхаҳо ва талхисҳои мутааддид, нишондиҳандаи аҳамияти ин тафсир назди аҳли илми он рӯзгор аст. Гузашта аз он, дар тафсири Сурободӣ, маҷмуае аз луғоту таркиботи форсӣ вуҷуд дорад, ки нависанда дар баробари вожагон ва истилоҳҳои қуръонӣ ибдоъ кардааст.

Вижагиҳои тафсири Сурободӣ

Ин асар, бар мабнои нусахи хаттии мавҷуд, тафсирӣ бузургест, ки зоҳиран ба ҳафт бахш тақсим шудааст. Тафсир бо ҳамди Худо ва наъти Расули Акрам (с) оғоз мешавад, сипас муқаддимае дар бораи тафсир меояду сабаби форсӣ будани он ва инки муфассир ба ривояти кадом як аз ровион эътимод кардааст, шарҳ дода мешавад, сипас аз сураи Ҳамд то интиҳои сураи Нос тарҷума ва тафсир мешавад.

Сурободӣ дар ибтидои ҳар Сура, унвон ва теъдоди оятҳо ва калимот ва ҳуруфу маҳалли нузул ва фазилати онро оварда ва дар тафсири оятҳо гоҳе тамоми як оятро якҷо ва гоҳ ба сурати ҷузъ ҷузъ, нақлу тарҷума ва тафсир карда ва ба муносибатҳои мухталиф ба ахбору ривоятҳо ва ақволи муфассирон ва ровиёни ашъори арабӣ истинод кардааст.

Сурободӣ дар мавориде ба ашъору суханоне аз Эмом Алӣ (а), Эмом Ҳусайн (а), Эмоми Содиқ (а) ва Эмом Ризо (а) ишора карда ва аҳодисе аз Паёмбари Акрам (с) дар бораи фазилати Аҳли Байт ва дӯстии Алӣ (а) ва наҳй аз душманӣ бо Ӯ нақл кардааст. Ба ҳар тартиб насри форсии тафсири Сурободӣ ва тарҷума ӯ аз Қуръон, аз намӯнаҳои фасеҳу олии насри форсӣ ва пур аз луғоту истилоҳоти форсии дарӣ аст, ки Сурободӣ барои ибороту таркиботи қуръонӣ баргузидааст.

Дар поён лозим ба ёдовари аст, ки тафсири Сурободӣ, ба сурати комил бо ҳиммати Алӣ Акбари Саидии Сирҷонӣ тасҳеҳ ва ба чоп расидааст.

Калидвожаҳо: Тафосири Қуръон, Тафсири Сурободӣ, Тафсири форсии Қуръон

captcha