IQNA

Пажӯҳишгари ҳунарҳоии исломӣ баён кард:

Имом Алӣ (а) оғозгари хаттотии Қуръон дар ҷаҳони Ислом

22:33 - March 26, 2024
рақами хабар: 1276
ИКНА - Пажӯҳишгари ҳунарҳои исломӣ дар Ироқ гуфт: Амиралмуъминин Алӣ (а) оғозгари хушнависии Қуръон дар ҷаҳони Ислом буд.

Ба гузориши ситоди хабарии сивуякумин давраи намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим, Алӣ Ҳайдар Ҳассон, дар нишасти табйини ҷойгоҳи Қуръони Карим дар ҷаҳони арабии муосир бар аҳамияти нақши имом Алӣ (а) дар густариши хушнависии Қуръон таъкид кард.

Фарид Абдурраҳим Фӯлод Алӣ, раиси собиқи маркази ҳунарҳои исломии Кувайт, Аҳмад Ҳасан Абушариф, хушнавис аз Арабистон ва Алӣ Ҳайдар Ҳасон, хушнавис ва пажӯҳишгари ҳунарҳои исломӣ дар Ироқ аз ҳозирони ин нишаст буданд, ки душанбе шаб дар бахши байналмилали намоишгоҳ баргузор шуд.

Ҳасон дар суханони худ дар ин нишаст гуфт: хатти Куфӣ аз қадимитарин хушнависиҳои ҷаҳон аст, ки дар Куфа ва замони имом Алӣ (Алайҳиссалом) мутаваллид шуд. 

Вай Ироқро пойтахти хушнависии ҷаҳони Араб донист ва тавзеҳ дод: ин ифтихори таърихӣ аст, ки марбут ба вуҷуди имом Алӣ (Алайҳиссалом) мешавад, чаро, ки ишон аввалин шахсе буданд, ки хушнависиро дар ҷаҳони Ислом оғоз карданд. Хушнависии Қуръон аз Куфа ба Бағдод ва аз Бағдод ба соири кишварҳо густариш пайдо кард. 

Ин пажӯҳишгари ҳунарҳои исломӣ гуфт: дар парвариш ва болндагии хушнависии Қуръон силсилаҳое мисли Таймуриён, Фотимиён ва ... нақш доштанд ва дар заминаи хутути арабӣ ва адавоти хушнависии давлати Усмонӣ ҳам нақш зиёде доштааст.

Ҳасон дар бахши дигаре аз суханонаш тасреҳ кард: дар соли 1974 нахустин анҷумани хушнависони қуръонӣ дар ҷаҳони Араб дар Ироқ роҳандозӣ шуд ва марокизе мисли Атабаи Аббосия ва Атабаи Алавия дар Ироқ ҳастанд, ки хушнависиро думбол мекунанд.

Ҳасон бо зикри инки мусобиқоти Қуръони Карим ҳам дар ҳавзаи ҳифз, ҳам тиловат ва ҳам хушнависӣ дар Ироқ фаъол ҳастанд, баён кард: мо аз замони таъсиси анҷумани хушнависони Ироқ токунун намоишгоҳҳои миллӣ ва байналмилалии мутааддидеро дар Ироқ баргузор кардем, ки аз миёни онҳо мусобиқаи байналмилалии «Сафир» дар шаҳри Куфа ва мусобиқаи Хотамуланбиё, ки тавассути ҳусайнияи Ироқ баргузор мешавадро метавон баршумурд.

Вай афзуд: иртибототи мунсаҷим миёни пажӯҳишгарони қуръонӣ ва ҳунармандони қуръонӣ дар Ироқ вуҷуд дорад.

Сивуякумин намоишгоҳи байналмилалии Қуръони Карим аз аввали фарвардинмоҳ дар шабистони мусаллои имом Хумайнӣ (рҳ) оғоз шуда ва то 14 фарвардини сол 1403 идома хоҳад дошт.

https://iqna.ir/fa/news/4207126

captcha