IQNA

Афзоиши ҳамдилии ҷавонони амрикоӣ бо мардуми Фаластин

20:21 - March 27, 2024
рақами хабар: 1278
ИКНА - Бар асоси назарсанҷии ҷадиде, ки маркази пажӯҳишҳои «Pew» дар Амрико анҷом дода, тайи ҳамлаи кунунии режими саҳюнистӣ ба Ғазза, теъдоди ҷавононе, ки дар Иёлоти Муттаҳида дидгоҳи мусбате нисбат ба Фаластин доранд аз теъдоди тарафдорони ин режим палид ва ҷинояткор пешӣ гирифтааст.

Ба гузориши Ал-Олам, тибқи натиҷаи мунташир шуда аз ин назарсанҷӣ, 60 дарсади амрикоиҳои байни 18 то 29 сола, мавзеи мусбате нисбат ба мардуми Фаластин аз худ иброз кардаанд.

Ин назарсанҷӣ ҷадидтарини он дар навъи худ дар хсуси мавзеи амрикоиҳо нисбат ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ба шумор меравад. 

Натиҷаи назарсанҷиҳои дигаре, ки тайи моҳҳои гузашта дар Амрико анҷом шуда низ нишон медиҳад, ки теъдоди афроди мухолиф бо ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза ва Каронаи ғарбӣ афзоиши қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Натиҷаи назарсанҷии рӯзномаи Ню-Йорк Таймз бо донишкадаи "College of Siena" дар декабри соли мелодии гузашта, ҳокӣ аз он аст, ки ниме аз ҷавонони амрикоӣ бар ин боваранд, ки режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ тааммудан даст ба куштори ғайри низомиён дар борикаи Ғазза мезанад.

Назарсанҷии дигаре, ки рӯзномаи Economist дар январи гузашта анҷом дода буд, нишон дод, ки 35 дарсад аз амрикоиҳо иқдомоти режими кӯдаккуши саҳюнистӣ дар Ғаззаро наслкушӣ алайҳи Фаластиниҳо медонанд.

Бо ин вуҷуд, ба назар мерасад мардуми Амрико ҳанӯз ҳам аз ҳақиқати ончи дар сояи таҷовузҳои режими ғосиб ва манҳуси саҳюнистӣ дар Ғазза мегузарад ба хубӣ огоҳ нашудаанд. Маркази пажӯҳишҳои «Pew» эълом карда, ки 48 дарсад аз амрикоиҳо иттилоъ надоранд, ки теъдоди кушта шудаҳои исроилӣ ин ҷанг бештар ҳастанд ё теъдоди фаластиниҳо бештар аст, ки зери бомбаборонҳои бевақфаи саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд.

Гуфтнӣ аст, ки аз оғози наслкушии режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри 2023, беш аз 32 ҳазор фаластинӣ дар ин минтақа ба шаҳодат расидаанд, ки умдаи онҳо занон ва кӯдакон буданд.

https://iqna.ir/00HeWk

captcha