IQNA

Барафрошта шудани парчами азо дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Алӣ (а) + акс

21:50 - March 28, 2024
рақами хабар: 1284
ИКНА - Маросими барафроштани парчами азо ба муносибати фарорасидани айёми шаҳодати ҳазрат Амирал-Муъминин (а) аз сӯи остони муқаддаси Алавӣ дар саҳни мутаҳҳари ҳарами ҳазрати Алӣ (и) баргузор шуд.

Ба гузориши шабакаи Ал-имом Алӣ (а), дабирхонаи остони муқаддаси имом Алӣ (а) ба муносибати солрузи шаҳодати Амирал-Муъминин (а) маросими барафроштани парчами азоро дар саҳни мутаҳҳари саҳни мутаҳҳар бо ҳузури дабири кулл ва аъзои ҳайати мудираи остони Алавӣ, ходимони ҳарами мутаҳҳар, уламо, туллоби ҳавзаи илмия, масъулони давлатӣ, намояндагони ниҳодҳои мазҳабӣ, давлатӣ ва иҷтимоӣ ва анбӯҳи зоирони азодор баргузор кард.

Аҳмад Ал-Қаршӣ, узви ҳайати мудираи ҳарами мутаҳҳари Алавӣ изҳор кард: дар остонаи фарорасидани айём шаҳодати Амирал-Муъминин ҳазрати Алӣ (а) дабирхонаи остони муқаддаси Алавӣ маросими барафроштани парчами азои Амирал-Муъминин (а)-ро баргузор кард.

Вай афзуд: остони Алавӣ ба ҳамин муносибат барномаҳои мазҳабӣ, фарҳангӣ ва хадамотӣ низ тадорук дидааст, ки дар серӯзи оянда ва ҳамчунин шаби зарбатхӯрдани ҳазрати Алӣ (а) ва шаби шаҳодати ишон ва шаби Қадр, ин барномаҳо иҷро мешавад.

Ҳайдар Раҳим, раиси бахши расонаи остони Алавӣ низ дар ин бора гуфт: дабирхонаи остони Алавӣ илова бар баргузории маросими сиёҳпӯш кардани ҳарами мутаҳҳари Алавӣ, саҳни мутаҳҳарро низ барои ҳузури зоирон ва азодорон ҳазрати Амир (а) дар айёми шаҳодати он имом ҳумом омода кардааст. Ин маросим бо мушорикати уламои дин ва асотиди ҳавзаи илмияи Наҷафи Ашраф ва шуюухи ашоир ва мавкибҳои Ҳусайнӣ ва соири ақшори мардум баргузор мешавад.

Шоёни зикр аст, ки маросими барафроштани парчами азои Амирал-Муъминин (а) бо қироати Қуръони Карим тавассути ҳоҷ Карими Мансурӣ, қории остони Алавӣ оғоз шуд ва сипас Сайид Ҳони Ал-Мусавӣ, қорӣ ва муаззини остони алавӣ зиёрати ҳазрати Алӣ (а)-ро барои ҳозирин қироат кард. Пас аз он низ маросими барафроштани парчами азо дар миёни ҳузн ва андӯҳи зоирон баргузор шуд.

https://iqna.ir/00HeYS
captcha